ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН
Хоруғ, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Ҳафтаи дуюм аст, ки дар Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ озмуни истеъдодҳои навраси мактабҳои шаҳри Хоруғ ҷараён дорад. Чанд рӯз қабл хонандагони мактаби рақами 5 – уми шаҳр дар Кохи ҷавонон ҳунарнамоӣ намуданд. Онҳо барномаи пурмӯҳтавои маърифативу фароғатиро пешкаши тамошобинон гардониданд. Дар баробари ҳунарнамоӣ дар толори Кохи ҷавонон ҳунари дастони хонандагони мактаб ба намоиш гузошта шуд. Намоишгоҳ ба бинандагон таассуроти хуб бахшид. Баъдан барномаи консертӣ, ки аз сурудҳои пурмӯҳтаво, рақсҳои зебо ва навоҳои дилрабо иборат буд, оғоз гардид. Озмун собит намуд,ки миёни хонандагони ин мактаб нафарони соҳибистеъдод зиёданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






