ДАРЁФТИ ИСТЕЪДОДҲОИ НАВ АЗ «САДОИ ҶАВОНӢ»
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бахшида ба 20–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои апрел-майи соли равон байни ҳаваскорони санъати мактабҳои миёнаи махсуси вилояти Суғд фестивали «Садои ҷавонӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба тасвиб расид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо мақсади ташкил, гузаронидан ва мукофотонидани ғолибони фестивал 6800 сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Ҳадафи ин чорабинӣ дарёфти истеъдодҳои нав ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия намудани ҷавонону донишҷӯёни эҷодкори мактабҳои миёна мебошад. Дастаҳои ҳунарии мактабҳои миёнаи махсуси вилояти Суғд дар фестивал дар доираи мавзӯъҳои Истиқлолият, ваҳдати миллӣ, анъанаҳои фарҳангии ниёгон, тарғиби худшиносиву ватанпарастӣ, равобити қавии халқҳои маскуни кишвар ва ғояҳои инсондӯстӣ тариқи жанрҳои табрикот, навозиш, рақси якка, хониши бадеӣ, сурудхонӣ, бадеҳа, сюитаи овозӣ-рақсӣ ҳунарнамоӣ мекунанд. Ба беҳтарин иштирокчиёни фестивали «Садои ҷавонӣ» ифтихорнома ва ҷоизаҳои кумитаи тадорукот супорида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






