ДАРЁФТИ РОҲХАТ БА БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-5 феврали соли ҷорӣ дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми «Шимолу Ғарб», ки дар шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Руссия баргузор гардид, таҳти роҳбарии сармураббӣ оид ба самбои муҳорибавӣ Аҳтам Хокиров ширкат варзиданд. Ёдовар бояд шуд, ки дар мусобиқа 260 нафар варзишгарон аз манотиқи гуногуни Федератсияи Руссия, аз ҷумла 6 нафар варзишгари тоҷик иштирок намуданд.1. Эшонхоҷаев Азимҷон, соли таваллудаш 1994 дар вазни 62 кг бо як нафар варзишгари тоҷик- намояндаи Клуби варзишии «Нарская застава», 2. Азизов Эраҷ, соли таваллудаш 1994 дар вазни мутлақ (70 кг) бо варзишгари осетӣ дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи аввал ва медали тилло,1. Ширинов Эраҷ, соли таваллудаш 1996 дар вазни то 55 кг бо варзишгари рус Кисел Иля дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда сазовори ҷойи дуввум ва медали нуқра,3. Одинаев Анвар, соли таваллудаш 1996 дар вазни то 55 кг, 4. Назаров Ҳайбулло, соли таваллудаш 1995 дар вазни 56 кг бо варзишгари доғистонӣ дар даври финалӣ қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷии мусобиқа гардиданд. Ҳамчунин дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии моҳи апрел оид ба якҳарбаи шарқӣ гардид.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






