ДАЪВАТИ МУШТАРИЁН БАРОИ ҲАМКОРӢ БО «БАРҚИ ТОҶИК»
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Вобаста ба тадбирҳое, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати ҶТ аз ҷониби ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи тирамоҳу зимистон андешида шуд, имсол таъмини аҳолӣ бо барқ дар кишвар беҳтар гардид. Дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳар рӯз ба ҷои 50,5 миллион кВт/соат, ки дар ҷадвали лимити тасдиқнамудаи Ҳукумати ҶТ пешбинӣ мегардид, ба муштариён 52,5 миллион киловатт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд. Хотиррасон менамоем, ки ин нисбат ба моҳи январи соли 2010 ҳар рӯз ба қадри 6 миллион кВт/соат зиёд аст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ дод. Дар лимити нерӯи барқ барои моҳи феврал интиқоли барқ мувофиқи ҷадвали мазкур боз як миллион киловатт/ соат зиёд гардид. Воқеан ҳам ширкати «Барқи Тоҷик» ният дорад , ки дар моҳҳои боқимонда аҳолии кишварро боз ҳам бештару беҳтар бо барқ таъмин намояд. Мутаассифона, пардохти маблағи нерӯи барқи истифодашуда ба миқдори барқи интиқолшуда мувофиқат намекунад. Моҳи гузашта ба маблағи 130,2 миллион сомонӣ барқ интиқол дода шуда буд, ки танҳо 77,3 миллион сомонӣ ё худ 59,4 фоизи он пардохт гардид. Вобаста ба ин ҳолат ширкат тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои минтақа ва ноҳияҳои алоҳида ҳамчун тадбири огоҳнамоӣ интиқоли барқро нисбатан маҳдуд намояд. Корхонаҳое, ки аз ширкат маблағи калон қарздоранд, пешакӣ ба тариқи хаттӣ огоҳонида шуда, аз истифодаи барқ то пардохти маблағи қарз маҳрум мешаванд. Инчунин дар заминаи он ки дар ШСХК «Барқи Тоҷик» соли 2011 «Соли насби ҳисобкунак ва шаффофияти ҳисобу китоб» эълон шудааст, ба хотири тақсими боадолатонаи нерӯи барқ худи муштариёни нерӯи барқ ба ҳамкорӣ даъват мешаванд. Санҷишу таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки далелҳои истифодаи ғайриқонунии барқ ва ғорати он хеле зиёданд, ки инро метавон ҳамчун зарар ба тамоми ҷомеа ва хиёнат ба манфиати давлат маънидод намуд. Мо тахмин карда метавонем, ки ба ғорат шудани барқ баъзе кормандони системаи энергетикӣ, ки бевосита бо пардохти маблағи барқи муштариён сарукор доранд, шариканд, таъкид намуд Н. Ёдгорӣ. Ширкати «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён – аҳолии кишвар, намояндагони ВАО, зиёиён, намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа хоҳиш менамояд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намуда, вобаста ба ҳар ҳодисаи ғорати барқ ва ҳар гумону шубҳае, ки доранд, муроҷиат намоянд. Ширкат мувофиқи хоҳиш ифшо нашудани ному насаби онҳоро пурра кафолат медиҳад. Ширкати «Барқи Тоҷик» тасмим гирифтааст, ки ғоратгарони барқро ошкор намуда, ба замми муҷозоти молиявӣ, ному насаб ва мансабу вазифаашонро тавассути матбуот ва телевизиону радио эълон намояд ва ба мақомоти интизомӣ ҳуҷҷатҳои заруриро пешкаш намояд. Телефонҳо барои тамос 378835511, 378835522, 295-480. Ин телефонҳо ба таври шабонарӯзӣ фаъоланд. Ҳамдиёрони гиромӣ, мо боварӣ дорем, ки ҳар муроҷиати шумо пеш аз ҳама ба худи шумо, сипас ба системаи энергетикии кишвар ва дар маҷмӯъ барои тамоми ҷомеа манфиати беандоза мебахшад.








Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






