ДУШАНБЕ СИМОИ ШАРҚӢ МЕГИРАД?
Душанбе, 10 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати марказии он дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардид. Раиси шаҳр бо назардошти тасҳеҳи Нақшаи генералии амалкунандаи шаҳр ва ба баррасии сокинон гузошта шудани Консепсияи таҳияшуда дар сомонаи шаҳрдорӣ www.dushanbe.tj таваҷҷӯҳи меъморонро ба он нигаронид, ки дар ин раванд фаъолона ширкат варзида, барои татбиқи потенсиалашон аз имконияти фароҳамсохтаи шаҳрдорӣ истифода намуда, пешниҳодҳои касбии меъмориро унвонии шаҳрдорӣ ирсол намоянд. Зикр шуд, ки меъморон консепсияҳои худро нисбат ба татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисми марказии шаҳр, хусусан кӯчаҳои Дониш- Айнӣ ва хиёбони Рӯдакӣ бо инобати ансамблҳои меъмории таҷассумкунандаи арзишҳои меъмории шарқӣ, ки дар худ воқеияти ҷаҳони муосирро бо баровардагии эҳтиёҷоти зиндагии шарқиёна инъикос созад, таҳия намоянд. Лоиҳаи биноҳои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор, ки дар заминаи биноҳои истиқоматии ду-се ошёнаи дар шафати роҳҳои кӯчаҳои дар боло зикршуда сохта мешаванд, бояд дорои хонаҳои 1, 2, 3 ва 4 ҳуҷрагӣ бошанд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласа хулоса гардид, ки меъморон имкон доранд дар мӯҳлати 10 рӯз пешниҳодҳояшонро ҷиҳати баррасӣ ирсол намоянд. Дар робита ба ин ҷаласаи навбатии шаҳрдорӣ бо иштироки меъморон 19 феврали соли равон доир мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад






