ДУЗДИ «КОРВОН» ДАСТГИР ШУД

Февраль 9, 2011 11:50

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсии пойтахт аризаи соҳибкор  Савлатшо Мамадодиев ворид гашт. Номбурда шикоят овардааст, ки  шахси номаълум аз мағозаи шахсиаш, воқеъ дар бозори «Корвон» бо роҳи пинҳонӣ 15-адад костюми чарминро, ки арзиши умумиашон 12150 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.        Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар натиҷаи амалиёти фаврӣ — ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зафарҷон Шамсов, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ки пештар бо моддаи 201 қисми 2 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суд шудааст, дастгир  шуда, аз ӯ далели шайъӣ гирифта шуд.

Февраль 9, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад