ЭРОДИ Қ. РАСУЛЗОДА АЗ НУҚТАҲОИ САВДО ДАР БОЗОРИ «СОМОНИЁН»

Февраль 11, 2011 09:14

   Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба хотири вусъат бахшидани корҳои омодагӣ ба истиқболи таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ — иди Наврӯзи Аҷам ва 20 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дод.  Раиси вилоят ба ҳолати ташкили нуқтаҳои савдо дар бозори «Сомониён», ки дар гардишгоҳи Қайроққум амал менамоянд, эроди ҷиддӣ гирифт.   Қоҳир Расулзода зикр намуд, ки ҳарчанд дар хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҳар сол ниҳолҳои зиёд шинонида мешаванд, аммо мутасаддиён дар парвариши он беэътиборӣ зоҳир менамоянд. Ҳини боздид маълум гашт, ки дар баъзе минтақаҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳолати парвариши ниҳолҳо беҳбудӣ металабад.  Раиси вилоят масъулинро вазифадор намуд, ки бобати шинонидани ниҳолҳо дар шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров ва роҳҳои дохилии шаҳрҳои Хуҷанду Қайроққум эътибори ҷиддӣ диҳанд.  Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят, ҳамчунин, бо вазъи роҳҳои дохилии шаҳри Хуҷанд, ҳолати корҳои ободонӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ дар шаҳр шинос гардид.  Сохтмони маҷмааҳои Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳояш дар майдони 3,6 гектар ва ҳавзи шиноварӣ иншооти асосии ҷашнӣ маҳсуб меёбанд.Алҳол дар ин иншоот корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд. Аз ҷумла, дар ҳавзи шиноварӣ 83 сутунпояҳо гузошта шуда, насби таҷҳизот идома дорад.  Дар ин сохтмон беш аз 70 нафар мутахассисони тоҷику чинӣ фаъолият доранд. Маҷмааи ҳавзи шиноварӣ бо усулҳои муосир ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ бунёд гардида, аз се ҳавз- бачагона, машқу тамрин ва асосӣ иборат хоҳад буд. Маблағгузории иншоот аз ҳисоби буҷети вилоятӣ сурат гирифта, сохтмонашро ширкати чинии Сюан-Юан ба ӯҳда дорад.   Бояд зикр намуд, ки алҳол дар вилоят ба истиқболи 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 200 иншооти ҷашнӣ идома дорад.

Февраль 11, 2011 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад