ЭРОН ДАР БАХШҲОИ САНОАТИ БАРҚ ВА ЭЛЕКТРОНИКА ҲАМКОРӢ МЕНАМОЯД
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).-Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории Кумитаи муштараки ҳамкориҳои саноат ва маъдани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кор шурӯъ намуд.Дар ин бора аз шӯъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати барқ ва электроника – истеҳсоли лампаҳои каммасраф, коркарди сангҳои қиматбаҳо, мошинҳо ва мошинолоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, нассоҷӣ, коркарди чарм, истеҳсоли пойафзол, дучархаҳо ва семент мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт. Пас аз баррасии масъалаҳо ва табодули назар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои матраҳшударо бо ширкату муассиса ва корхонаҳои ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, пешниҳоди худро ҷиҳати таҳияи санадҳои дахлдор ирсол намоянд. Дар назар аст, ки санадҳои дахлдор нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ пас аз ташрифи вазири саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбари Меҳробиён ба Тоҷикистон ба имзо мерасанд. Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории ҷониби эронӣ, ки ба он намояндагони Вазорати саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон, корхонаву ширкатҳои эронӣ шомил мебошанд, бо роҳбарии мушовири вазири саноат ва маъдани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои байналмилалӣ Муҳаммад Суруниё 15 феврал ба пойтахти кишвар ташриф оварданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






