ЭРОН ДАР ХАТЛОН КОРХОНАИ БУЗУРГ МЕСОЗАД
Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Тибқи Созишномаи ба тасвибрасидаи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати эронии «Ливон Ковон» Эрон дар ноҳияи Носири Хусрави Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли семент месозад». Ин матлабро Алиасғари Шеърдӯст зимни нишасти матбуотӣ, ки ба 32 – юмин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ дар Эрон бахшида шуда буд, ба хабарнигорон иттилоъ дод. Дипломати эронӣ афзуд, ки арзиши ин лоиҳа 500 миллион $ — ро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он беш аз 1 миллион тонна семент дар як сол аст. Ҷониби Эрон тасмим гирифтааст, ки дар ҷануби Тоҷикистон боз як корхонаи хурди истеҳсоли сементро роҳандозӣ намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






