ЭРОН ТАБОБАТГОҲИ ҶАРРОҲИИ ПЛАСТИКӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон (ҶИЭ) дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ширкатҳои хусусии ҶИЭ тайёранд дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон беморхонаи касалиҳои чашм, ҷарроҳии пластикӣ ва беморхонаи махсусгардонидашудаи гурда ва бемориҳои урологиро сохта ба истифода диҳанд. Айни замон ин мавзӯъ дар Вазорати тандурустӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар намояндагии сафорати ҶИЭ ба он боваранд, ки бо бунёди ин муассисаҳои табобатии тиббӣ шаҳрвандони Тоҷикистон бо харҷи маблағи камтарин метавонанд, ки дар ватани худ табобати хуб гиранд. Сафорати ҶИЭ дар давоми ҳар моҳ барои гирифтани табобат дар муассисаҳои табобатии Эрон ба шаҳрвандони Тоҷикистон 100 рухсатнома (виза) дода метавонад, ки ин хеле кам аст, аз ин рӯ сохтану ба истифода додани беморхонаҳои зикршуда барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам арзон ва ҳам мувофиқ мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






