ЭРОНИҲО АЗ «САНГТӮДА» БА «АЙНӢ» МЕРАВАНД

Февраль 9, 2011 16:00

 Душанбе, 9 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ширкати эронии «Сангоб», ки дар ҷануби Тоҷикистон ба сохтмони НБО «Сангтӯда-2» машғул аст,  сайъ дорад ин иншооти муҳими гидроэнергетикиро то ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне моҳи сентябри соли 2011  мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад». Дар ин хусус Алиасғари Шеърдӯст Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ба андешаи дипломати эронӣ бо сабабҳои объективӣ  кор дар ин иншооти  аҳамияти стратегидошта қариб ним сол кашол ёфт, аммо масъулини ширкати «Сангоб» ва мутахассисони он корро  ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ мондаанд, ки ин имкон медиҳад ҷараёни корҳо дар  иншоот вусъати тоза гирад.  Инчунин, Эрон тасмим гирифтааст  баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда -2»  ба сохтмони НБО «Айнӣ» дар дарёи Зарафшон, ки иқтидораш 170 мегават аст,  шурӯъ намояд. Аз ин рӯ, тамоми таҷҳизот ва техника аз маҳали «Сангтӯда-2»  ба ин минтақа интиқол дода мешаванд, афзуд сафир.  

Февраль 9, 2011 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд