ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ҲАВОПАЙМОӢ
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дирўз ҷаласаи васеи кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти яксолаи иттифоқ мавриди таҳлил ва ояндабинӣ қарор гирифт. Тавре раиси иттифоқҳои касабаи кормандони ҳавопаймоии ҷумҳурӣ Мамадқул Хушвахтов изҳор намуд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи кормандони авиатсия масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии кормандонро дар мадди аввал гузоштааст.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар котиби матбуотии фурудгоҳи Душанбе Маҳмадюсуф Шодиев иттиллоъ дод. Таъмини бехатарии меҳнат дар истеҳсолот ва масъалаҳои вобаста ба Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ», иҷрои Қонун дар бораи «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», ҳамчунин, муҳокимаи лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» дар фурудгоҳи Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Зикр гардид, ки барои истироҳати кўдакони кормандони соҳаи авиатсия кўдакистони «Кайҳон» ва истироҳатгоҳи кўдаконаи «Кайҳон», ки чанде пеш аз таъмири пурра бароварда шуданд, омода буда, масъалаҳои дигари вобаста ба таъмини истироҳати кормандону нафақагирон низ ҳалли худро меёбанд. Дар кори ҷаласаи васеи кормандони соҳаи ҳавопаймоӣ муовини вазири нақлиёт ва коммуникатсия Фирўз Ҳамроев, намояндагони иттифоқҳои касабаи вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд. Раиси Шўрои Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Муродалӣ Солеҳов иброз дошт, ки иттифоқҳои касабаи соҳаи ҳавопаймоӣ қувваи пешбаранда ва муттаҳидкунандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таъмини талаботи рўзмарраи кормандони техникӣ, ҳайатҳои парвозӣ, нафақагирон, собиқадорони меҳнат хизмати назаррас менамоянд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






