«ФАРҲАНГИ МАҲАЛДОРӢ» ВА «КАНЗИ ШИФО» ДАР РӮДАКӢ
Шаҳраки Сомониён, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ корҳои омодагӣ ба ҷашни 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъати тоза меёбанд. Аз ҷумла, тибқи амри раиси ноҳия дар байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Рӯдакӣ озмуни «Фарҳанги маҳалдорӣ» баргузор мегардад. Ҳамчунин бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни мазкур ва ривоҷу равнақи корҳои ободониву созандагӣ дар байни кормандони муассисаҳои тандурустӣ озмуни «Канзи шифо» гузаронида мешавад. Ҳайати ҳакамон ва рӯйхати иштирокчиёни озмун омода буда, ширкаткунандагон ба озмунҳои номбурда тайёрии ҳамаҷониба мебинанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






