ФАРЗАНДИ ҚАРНИ XX
Душанбе, 15 феврал. ( АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин).- Ба ифтихори 100-солагии устод Мирзо Турсунзода дар ин рӯзҳо дар донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ чарабиниҳои зиёд баргузор мегарданд. Аз ҷумла, бахшида ба ин санаи муҳим конфронсу викторинаҳо, баҳсу сӯҳбатҳо ва шабнишиниҳо доир мегарданд. Чанде қабл китоби «Фарзанди қарни XX» ба нашр расид, ки он ба қалами Равшани Ҳамроҳ ва Иброҳими Наққош тааллуқ дорад. Китоби мазкур хонандагонро бо ҳаёту фаъолият, эҷодиёт ва сафарҳои устод Мирзо Турсунзода ошно месозад. Ба қавли мураттибони китоб устод Мирзо Турсунзода бо ашъори баландғояву баландмазмун ва сафарҳои хизматияш ба ақсои олам на танҳо шахсияти худ, балки миллати тоҷикро низ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






