ФАСОДРО БОЯД РЕШАКАН НАМУД

Февраль 19, 2011 12:58

Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Кормандони раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар Вазорати адлияи ҶТ бо кормандони вазорат вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ   оид ба ришваситонӣ ва сӯиистифода аз мансаб, ки имрӯз дар ҷомеаи мо ба назар мерасад, андешаронӣ сурат гирифт.            Зикр гардид, ки мақомоти ҳуқуқӣ  барои пешгирӣ ва мубориза бурдан бар зидди ҷиноятҳои сӯйистифода аз мансаб ва ришваситонӣ фаъолона мубориза мебаранд.              Соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза   бар зидди коррупсия қабул гардида он ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар  шуд, ки ин барои пешгирии ҷиноятҳои хосияти коррупсионӣ дошта мусоидат намуд.              Дар вохӯрӣ аз нафароне, ки аз ҷониби кормандони Агентӣ барои  сӯйистифода аз мансаб ва ришваситонӣ дастгир шуданд, ёдовар  шуда, хато будани амалҳои онҳоро шарҳ доданд. Нафароне, ки сӯйтифода аз мансаб  ва ришваситонӣ карда, имрӯз дар паси панҷара қарор доранд, ҳам ба иқтисодиёти давлат ва ҳам барои худашон зарари зиёд оварданд.             Ришваситонӣ, азхудкунии мансаб ин ба пастравии иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардуми  кишвар оварда мерасонад. Бояд ҳар як нафар барои пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта Ватанро ҳифз намояд.

Февраль 19, 2011 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад