ГЕРОИН ДАР ТАГИ ПОЙАФЗОЛ

Февраль 5, 2011 11:00

Душанбе, 5 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар 861,5 грамм героин мусодира намуданд. Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар иттилоъ доданд», кормандони Раёсати минтақавии  гумрукӣ дар шаҳри Душанбе  ҳангоми барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукии  мусофирони хатсайри   рақами 627  самти Душанбе-Маскав  шаҳрванд Латофат Шарипова (соли таваллудаш 1982)-ро  дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар  гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд.          Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи шахсии боздоштшуда  аз дохили астари гиребони палто 38 дона, аз таги миёнбанди занона 36 дона ва аз меъдаи ӯ 13 дона,  ҷамъ 87 адад ғилофакҳои селофании дорои хокаи сафеди монанд ба  героинро дарёфт ва мусодира намуданд.         Инчунин дар вақти аз назорати гумрукӣ гузаронидани мусофирони хатсайри №254 самти Хуҷанд-Қазон бинобар рафтори шубҳаовар  шаҳрванд Валияхон  Ахмедова (соли таваллудаш 1965)-ро аз парвоз боздоштанд.         Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки шаҳрванд Валияхон Ахмедова дар таги пойафзоли худ ду бастаи селофании дорои хокаи сафеди ба героин монандро  пинҳон намуда мехост ба Федератсияи  Русия интиқол диҳад.         Маводи дарёфтгардида аз тарафи кормандони гумрук дар асоси санадҳои тартибдодашуда мусодира  шуда, барои ташхис  ирсол гардид.         Мутобиқи  хулосаи коршиносон  маводи   нашъаовари  дарёфт шуда   навъи героин буда,  аз  шаҳрванд Латофат Шарипова 481,5 грамм ва аз шаҳрванд Валияхон Ахмедова 380  граммро ташкил дод.         Нисбат ба шахсони қонуншикан парвандаҳои ҷиноӣ  оғоз  шуда тафтиш идома дорад.

Февраль 5, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад