ХИШТИ АВВАЛИ БИНО БОЯД РОСТ БОШАД

Февраль 8, 2011 09:57

Хоруғ,  8 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). –  Лоиҳаи  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  масъулияти  падару модар  дар таълиму тарбияи  фарзанд»  дар ин рӯзҳо  мавриди  баррасии   сокинони   ВМКБ  қарор  дорад. Номзади  илмҳои  филологӣ, устоди  Донишгоҳи   давлатии   шаҳри  Хоруғ ба  номи  Моёншоҳ Назаршоев  Сардорбек Азорабеков  зимни сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  ин  қонун байни  оила,  мактаб ва  ҷомеа  вазифа,  масъулият,  ҷавобгарӣ  ва  ӯҳдадориҳоро  дар  тарбияи  насли  ояндасоз муайяну танзим  менамояд.  Ин  аввалин  қонунест, ки  дар  ин  самт  қабул  гардида,  падару  модарро  дар  тарбияи  фарзанд масъул дониста,  вазифадор ва  ҷавобгар менамояд. Президенти кишвар  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  суханронӣ  оид  ба  лоиҳаи  ин  Қонун  иброз   намуд: «Дар  ҳамаи  зинаҳои  таълиму тарбия  ва такмили  ахлоқу  маънавиёт масъулияти  асосӣ  бар  дӯши  падару  модар аст. Зеро  падару  модар дар  саргаҳи  ташаккули  андешаву  эҳсос  ва  рушди  ҷаҳонбинии  фарзанд қарор  доранд. Фарзандон дунёро  бо  чашму дили  онҳо  мебинанду  мешиносанд  ва  муносибати  худро  ба  олами атроф, қабл  аз  ҳама  аз  дидгоҳи   падару  модар  муайян  менамоянд».  Дар  робита  ба  ин  суханон метавон  гуфт,  ки  устувору пойдор нигоҳ доштани оила  боиси   мустаҳкамии  иқтидори  давлат мегардад,   зеро оила  асос  ва  пояи  давлат   аст. Ҳамон   тавре ки  иморат  аз  хишт бунёд  меёбад,  давлат   ҳам  аз  оилаҳо  ташкил  меёбад. Ё агар  оиларо  зербинои  ҷамъият  номем, фарзандони  оила  хиштҳои  аввали  бинои  он  маҳсуб  меёбанд. Ва  агар  ин  зербино  сусту  заиф ва хишти  он  каҷ  ниҳода  шавад,  давлату  ҷамъият  пойдор   намемонад.    Вазифаи   волидайн танҳо  ба  дунё  овардани  фарзанд  нест, балки падару модар вазифаҳои зиёд доранд, вале  кори  аз ҳама муҳим  ва  асосии   онҳо  тарбия   намудани фарзанд ва ҳамчун инсони  бомаърифат, хушодоб, ватандӯсту созанда ба  воя  расонидани он аст.  Бо  шарофати  таълими хуби волидайн   одобу  ахлоқ,  маърифату  маънавиёт ва  беҳтарин  анъанаҳои  ахлоқии  гузаштагони  мо  аз  насл  ба  насл  интиқол  ёфта,  ба  мактаби  бузурги тарбияи  иҷтимоӣ ва  маънавии  шахсият мубаддал  мегарданд. Аз  ин  лиҳоз  волидайн  барои  камолёбии  фарзандонашон  на танҳо  вазифадору  масъул, балки  ҷавобгар  ҳам  мебошанд.

Февраль 8, 2011 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад