ХУРРАМГАРДОНИИ КАНОРИ ШОҲРОҲҲО

Февраль 9, 2011 08:33

Душанбе, 9  феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз  вобаста ба иҷрои  дастуру супоришҳои  ҳамешагии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  дар мавриди  вусъат бахшидани  корҳои  ободонию  созандагӣ ва рушди соҳаи ниҳолпарварӣ дар ҳузури Сарвазири  мамлакат Оқил Оқилов   доир ба ташкили саривақтии  корҳои ниҳолшинонӣ  ва сабзу хуррамгардонии шаҳру ноҳияҳои мамлакат машварати корӣ  баргузор гардид.     Дар машварат таваҷҷӯҳи асосӣ ба масъалаи вусъати корҳои  ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии канори  шоҳроҳҳои байналмилалию байнишаҳрӣ ва байниноҳиявии қаламрави мамлакат, аз ҷумла  шоҳроҳҳои  Душанбе- Ҷиргатол  ва  Душанбе — Турсунзода   зоҳир гардид. Роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ва роҳбарияти як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   вазифадор гардиданд, ки дар ин   самт тадбирҳои зарурӣ андешида, дар баробари пешбурди корҳои ободонӣ  дар шаҳру ноҳияҳо,  ҳамзамон ба масъалаи ниҳолшинонӣ ва сабзу хуррамгардонии  канори шоҳроҳҳои  кишвар   диққати зарурӣ диҳанд.

Февраль 9, 2011 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд