ИФТИТОҲИ «АВИТСЕНА» ДАР ҲИСОР
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-12 феврал бо ташаббуси сарвари Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» Абдураззоқ Саидов дар маркази ноҳияи Ҳисор Қасри варзишии «Авитсена» дари худро ба рӯи варзишгарон боз намуд. Дар расми кушодашавии он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов иштирок намуданд. Маликшо Неъматов ин иқдоми нек ва хайрхоҳонаи Абдураззоқ Саидовро иқдоми ватандӯстона номида, варзишгаронро таъкид намуд, ки аз ҳарвақта бештар машқ намуда, барои баланд бардоштани парчами кишвар ҳунари зебои варзишии худро нишон диҳанд. Ҳамзамон Маликшо Неъматов Шаҳзод Сулаймонов ва Манучеҳр Ҷалиловро дар риштаи футбол бо унвони «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» сарфароз гардонид. Баъдан ба Абдураззоқ Саидов барои ба варзишгарон шароити мусоид фароҳам овардан ва саҳми ӯ дар пешрафти соҳаи варзиш унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд. Раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов омодагии худро барои гузаронидани чорабиниҳои варзишии сатҳи байналмиллалӣ таъкид дошт. Нахустнамоиши варзишии варзишгарон аз рӯи намудҳои варзиши сабук, таэквандо, ва гӯштини миллӣ дар қасри навтаъсис хотирмон буд. Ёдовар мешавем, ки қасри варзишии «Авитсена» аз як толори мардона барои машқи 180 нафар ва толори занона барои машқи 105 нафар зан иборат буда, ба сатҳи байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошад. Толори барҳавои он дорои 1250 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






