ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИМКОНОТИ ҶАВОНОН
Душанбе, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ Маркази миллии имконоти ҷавононро ташкил намуд. Қадамҳои аввалини фаъолияти ин Марказ аз интихоб ва баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон оғоз гардид. Ҳамин тариқ, аз 7 то 19 феврали соли равон дар толори Маркази миллии ҷавонон семинари омӯзишӣ дар самти идоракунӣ ва мушкилот баргузор мегардад. Мавриди зикр аст, ки Маркази мазкур баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва рушди имконоти ҷавонон нигаронида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






