ИХТИСОСИ 500 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БАРОИ БУНЁДИ КОРХОНАИ СЕМЕНТ

Февраль 17, 2011 16:44

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар доираи мулоқоти кории комиссияи Кумитаи муштараки ҳамкориҳои саноатӣ ва маъдан имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати саҳҳомии пӯшидаи «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи сохтмон ва баистифодадиҳии корхонаи сементбарорӣ дар Тоҷикистон созишнома ба имзо расид.   Мутобиқи санади мазкур ширкати «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи сементбарорӣ бунёд менамояд, ки иқтидори он истеҳсоли 2 миллион тонна дар як сол буда, дар ду марҳила сохта ба истифода дода мешавад.    Мувофиқи ҳисоби пешакӣ маблағи сохтмони корхона 500 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.   Созишномаро Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва мудири омили ширкати «Лион Ковон Кониҳои Симони байналмилал» Ғуломҳайдар Иброҳимбой Саломӣ ба имзо расониданд.

Февраль 17, 2011 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд