ИНҚИЛОБИ ЭРОН 32- СОЛА ШУД

Февраль 9, 2011 12:50

 Душанбе,  9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Бо пирӯзии инқилоби исломӣ, ки соли 1979 дар Эрон ба вуқӯъ омад, режими 2500-солаи шоҳаншоҳӣ пош хӯрда, охирин сулолаи паҳлавӣ, ки тӯли 54 сол  сари қудрат буд,  сарнагун гардид», гуфт дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе  сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст. Сафир афзуд, ки бо пирӯзии инқилоби исломӣ 11 феврали соли 1979 бо роҳбарии Оятуллоҳ Хумайнӣ, ки охирин шоҳи Эрон -Ризошоҳи Паҳлавӣ сарнагун гардид, низоми нави давлатдорӣ рӯи кор омад, ки дар ташаккули пояҳои давлатдорӣ, пешрафту шукуфоӣ дар ин кишвар нақши муассир гузошт. А. Шеърдӯст доир ба сабабҳои сар задани инқилоб, авзои сиёсии солҳои инқилоб ва дастовардҳои Эрон баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ибрози назар карда гуфт, ки дар муддати 32 соли баъд аз инқилоб кишвараш ба дастовардҳои муҳими иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гардида, дар миқёси минтақа ва ҷаҳон ба ҳайси яке аз кишварҳои бузургу пешрафта  пазируфта шудааст.        Дипломати эронӣ, инчунин, доир ба вазъи кунунии муносибатҳои  гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон табодули назар карда, ба сатҳи ҳамкориҳои ҳасанаи ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон баҳои баланд дод. Мавсуф афзуд,  ки робитаҳои мутақобилан судманд ва дӯстонаи Тоҷикистону Эрон дар партави сиёсатҳои пешгирифтаи  сарони кишварҳо беш аз пеш тавсеа меёбанд.

Февраль 9, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад