ИНТИХОБИ ДАҲ НАФАР ТИРАНДОЗИ БЕҲТАРИН
Душанбе, 19 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — Имрӯз дар клуби Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи тирандозӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки аз 14 то 19 феврал байни чор ноҳияи шаҳри Душанбе ин мусобиқа аз рӯи яроқи пневматикӣ гузаронида шуд, ки дар он панҷсад нафар наврасони синфҳои болоӣ иштирок намуданд. Назар ба соли гузашта имсол шумораи иштирокчиён хеле зиёд буд. Ҳамчунин духтарон низ дар ин мусобиқа иштирок намуданд. Мақсад аз баргузор намудани мусобиқа тайёр намудани ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки ин мусобиқа ҳар сол бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешавад. Ташаббускори баргузории ин чорабинӣ кумитаи Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. 19 феврал дар рӯзи анҷоми мусобиқа аз тарафи доварон ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои таъсис намудаи ташаббускорони озмун супорида шуд. Аз миёни панҷсад нафаре, ки дар озмун иштирок намуданд, 10 нафар беҳтаринҳо интихоб ва ба дастаи мунтахаби тирандозони шаҳри Душанбе шомил шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






