ИСТЕҲСОЛ ЗИЁДУ НАРХҲО ГАРОН
Файзобод, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Дар ҷумҳурӣ соҳаҳои чорводорӣ, паррандапарварӣ ва занбӯрпарварӣ сол аз сол равнақи бештар меёбанд. Вале нархи маҳсулоти хӯрокӣ ҳамоно баланд аст. Масалан, истеҳсоли гӯшт дар соли 2010 119 096 тонна, истеҳсоли шир 579 464 тоннаро ташкил дода, истеҳсоли тухм ба 207 миллиону 910 ҳазор дона расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 7146 тонна, истеҳсоли шир 24338 тонна ва тухм 42 206 ҳазор дона зиёд аст. Имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи як литр шир 3 сомонӣ, гӯшт 22 сомонӣ буда, нархи 1 дона тухм аз 70 то 1 сомониро ташкил медиҳад. Дарвоқеъ тӯли солҳои охир соҳаи занбӯрпарварӣ хеле рушд кардааст. Мувофиқи маълумот соли 2010 истеҳсоли асал 3 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 300 тонна зиёд аст. Аммо нархи 1 килограмм асал аз 30-35 сомонӣ кам нагардид. Харидорон аз он изҳори ташвиш менамоянд, ки вақте истеҳсоли маҳсулот зиёд мегардад, чаро нархҳо ба ҷои поён ба боло мераванд?








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






