ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТ АФЗУД, НАРХ БОЗ ҲАМ БОЛО РАФТ
Душанбе, 22 феврал. (МИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба маълумоти Агентии давлатии омори назди Президенти ҶТ то 10 –уми феврали соли 2011 истеҳсоли гӯшту шир дар ҳамаи сохторҳои хоҷагиҳои деҳқонї (фермерї) — и ҷумҳурї нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 6,4 фоиз зиёд шуд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, истеҳсоли гӯшт дар моҳи январ ва даҳ рӯзи моҳи феврали соли ҷорї ба 7 ҳазору 724 тонна расид. Истеҳсоли гӯшт дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон ба андозаи 8 фоиз, дар вилояти Суғд 3,1 фоиз, дар ноҳияҳои Роғун 20, Шаҳринав 10,2, Ҳисор 9,7, Рӯдакї 5,2 ва шаҳри Турсунзода 2,9 фоиз зиёд гардид. Ҳаҷми истеҳсоли шир дар ин муддат ба 39 ҳазору 60 тонна расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 5, 8 фоиз зиёд мебошад. Бо вуҷуди зиёд шудани истеҳсоли гӯшту шир нархи ин маҳсулот боз ҳам боло рафт.Мутахассисон зиёд шудани нархи гӯшту ширро аз боло рафтани нархи воридотии хӯрокии чорво аз хориҷи кишвар медонанд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






