ИСТИФОДАИ ФОНДҲОИ АСОСӢ ДАР ҶУМҲУРӢ

Февраль 22, 2011 10:30

Душанбе, 22 феврал. (МИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Дар моҳи январи соли 2011 аз ҳисоби ҳамаи маблағҳои сармоягузорӣ фонди асосӣ ба маблағи 41,2 млн. сомонӣ ба кор андохта шуд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон  6,8 млн. сомонӣ, дар вилояти Суғд 6,3 млн., дар шаҳри Душанбе 2,1 млн. сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,8 млн. сомонӣ ё 16,5 фоизи  фондҳои асосии ҷумҳурӣ истифода шуд.      Фонди асосӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 28,3 млн.сомонӣ, фонди аҳолӣ 6,7 млн. ё 16,3 фоиз, фонди корхонаҳои шахсӣ 3,5 млн. сомонї, корхонаҳои муштарак 2,7 млн. сомонӣ ё 6,6 фоизи ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.      Дар моҳи январи соли 2011   аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ барои иншооти сохташавандаи истеҳсол ва тақсимоти қувваи барқ, газ ва об 3, 2 млн. сомонӣ  ё 7, 7 фоизи  ҳаҷми умумии фондҳои асосии ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор гирифт.     

Февраль 22, 2011 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд