ИСТИФОДАИ ГАРМХОНАҲО НИГАРОНКУНАНДА АСТ
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзї Қутфулло Зиёдуллоев тибқи дурнамои хоҷагиҳои деҳқонї (фермерї) барои дар фасли зимистон таъмин намудани аҳолии шаҳр бо сабзавоти тару тоза ташкили 68 гектар гармхонаҳои доимї ба нақша гирифта шудааст. Айни замон аз майдони 40 гектар замини гармхонаҳо ҳосили хуби помидору бодиринг, шалғаму турб, ҷаъфарию шибит ва боз чандин намуди сабзаҷот ба бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурї ба савдо бароварда шуд. Ба иттилои ҳамин манбаъ, то 31 – уми январи соли 2011 беш аз 15 тонна помидор, 94 тонна бодиринг, 7 тонна шалғаму турб ва ҳазорҳо бандча сабзаҷот бо нархи нисбат ба маҳсулоти аз хориҷи кишвар воридшаванда арзон ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлобу Хуҷанд Қӯрғонтеппаю Хоруғ ворид шуд. Бо вуҷуди дар фасли зимистон ба бозорҳои ҷумҳурї ворид гардидани сабзавоти тару тоза истифодаи нопурраи майдони барои гармхонаҳо ҷудогардида боиси нигарониии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзї боқӣ мемонад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






