КӮМАКИ МОЛИЯВИИ ДАВЛАТИ ҶОПОН
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Давлати Ҷопон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаи нави маблағгузориро роҳандозӣ карданист. Ба гуфти масъулини Вазорати тандурустӣ давлати Ҷопон дар асоси се лоиҳа ба беморхонаҳои шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор ва Ҷиликӯл ба маблағи 317 ҳазор доллари амрикоӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид намуда, беморхонаҳо таҷдид ва шӯъбаҳои алоҳидаи онҳо бо таҷҳизоти навтарини замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида мешаванд. Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои минтақавӣ, беморхонаи рақами 2 –и деҳоти «Нури Вахш» -и ноҳияи Ҷиликӯл, ки ҳанӯз соли 1955 аз хишти хом сохта шудааст, бо гузашти айём фарсуда шуда хавфи афтидан дорад. Азбаски ин беморхона ҳам барои беморон ва ҳам барои фаъолияти табибон носозгор, аз нав таҷдид мегардад. Ҳукумати Ҷопон барои азнавсозии беморхона ва сохтмони як иншооти иловагӣ дар масоҳати 172 метри квадратӣ 106 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






