КӮМАКИ ТЕХНИКИИ ҶОПОН БА ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНИИ ПИЛОТӢ

Февраль 9, 2011 09:25

   Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар  Душанбе дар доираи амалигардонии лоиҳаи кўмаки техникии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ (JICA) «Беҳтар намудани хизматрасонӣ, дониш ва таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани ташкилотҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон» маросими ба 3 Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии пилотӣ супоридани як миқдор мошинолоти кишоварзии иловагӣ ба маблағи    зиёда аз 17 ҳазор доллари ИМА баргузор гардид.    Бояд қайд кард, ки лоиҳаи мазкур дар чаҳорчўби ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷопон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҶТ ва Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и Ҷумхурии Тоҷикистон дар давоми 3 сол амалӣ  мешавад.             Кўмаки навбатии техникӣ асосан барои беҳтар намудани хизматрасонӣ дар соҳаи кишоварзӣ тавассути мустаҳкам намудани ташкилотҳои кишоварзӣ; Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМХДҶТ), Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳиявӣ (АХД) пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳа 3 Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии пилотӣ аз ноҳияҳои Рудакӣ, Файзобод ва Данғара ҳамчун ташкилотҳои намунавӣ интихоб гардиданд.

Февраль 9, 2011 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад