КИШВАРҲОИ СҲШ БО ТЕРРОРИЗМ ДАСТ БА ГИРЕБОН МЕГАРДАНД
Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ бар зидди терроризм, ки яке аз санадҳои муҳими ба имзо расонидаи кишварҳои аъзои СҲШ аст, 16 феврал дар палатаи поёнии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Мавриди зикр аст, ки ин санади муҳим соли 2009 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия ба имзо расида аз 37 модда иборат аст. Зимни шарҳи ин санад Саймӯъмин Ятимов Раиси Кумитаи давлатии амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки Конвенсия бо мақсади густариши ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар мавриди андешидани тадбирҳои пешгирӣ ва тақвият додани мубориза бар зидди терроризм бо назардошти риоя намудани волоияти қонун ва эътирофи арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони воқеию ҳуқуқӣ, ки чунин ҷиноятҳоро содир менамоянд, ба имзо расидааст. С. Ятимов афзуд, ки дар моддаҳои 7 ва 20-и Созишнома андешидани тадбирҳо бар зидди терроризм, супоридани маҳкумшудагон ва расонидани кӯмакҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди маводи зарурӣ ба ҳамдигар, иҷрои дархости тарафҳо, иштирок дар чорабиниҳои оҷилӣ-ҷустуҷӯӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ дар қаламрави тарафи дархостшаванда пешгӯӣ шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






