КОМИССАРИ ҲАРБӢ ПОРА ГИРИФТ

Февраль 17, 2011 16:38

   Душанбе, 17 феврал. (АМИТ “Ховар”, Лутфия Эшонқулова).- Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шахсони аз талаботи қонун ба хубӣ огоҳ ба ҷойи вазифаи ҷонии худро иҷро намудан баракс даст ба ҷиноят мезананд. Чанде қабл кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ сардори шўъбаи комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор Абдуҷаббор Исмоиловро барои гирифтани пора дастгир намуданд.    Тавре аз Агентии мазкур ба мухбири АМИТ “Ховар” хабар доданд, сабаби дастгир намудани Абдуҷаббор Исмоилов қасдан ба ҷинояти порагирӣ даст задан ҳангоми иҷро намудани вазифаи хизматӣ буд. Номбурда аз мақоми хизматиаш сўйистифода намуда, ба воситаи миёнарав Қодир Ниёзов аз шаҳрванд “Р” барои тайёр намудани билети ҳарбӣ ва ба расмият даровардани он маблағи 1100 доллари амрикоиро ба сифати пора талаб карда, аз маблағи талабнамудааш пешакӣ 500 долларашро гирифтааст. Зимни гузаронидани ҳаракатҳои тафтишотӣ –фаврӣ дар назди бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор пас аз гирифтани қисми боқимондаи маблағҳои талабнамуда, яъне 600 доллари амрикоӣ А. Исмоилов ва Қ. Ниёзов дастгир шуданд. Барои гузаронидани дигар ҳаракатҳои тафтишотӣ, яъне санҷида баромадани утоқи кории дастгиршудагон, комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳисор подполковник Уктам Беков ғайриқонунӣ, яъне бидуни тартиби муқаррар гардида ба ёрдамчии шўъбаи 2–юми ҳамин комиссариати ҳарбӣ пропоршик Фарҳод Маҷидов ва дигар кормандони комиссарияти ҳарбӣ супориш додааст, ки бо истифодаи яроқи оташфишон ба дохили бинои комиссарияти ҳарбӣ даромадани кормандони Агентиро манъ намояд. Дар асоси супориши охирин Ф. Маҷидов аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ берун баромада, барои дар дохили бинои мазкур гузаронидани амалҳои тафтишотӣ ба гурӯҳи тафтишотии фаврӣ ва кормандони Агентӣ имкон надода ба кори онҳо монеа эҷод кардаааст     Бо назардошти гуфтаҳои боло нисбат ба комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳисор Ӯктам Беков ва ёрдамчии комиссари ҳарбии ноҳия Ф. Маҷидов бо моддаҳои 345 қ.3 ва 391 қ.1 КҶ ҶТ ва нисбат ба сардори шўъбаи дуюми ҳамин комиссариат Абдуҷаббор Исмоилов ва Қодир Ниёзов бо моддаи 319 қ.2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Февраль 17, 2011 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд