ЛИДЕРОНИ ҶАВОН ДАР ДУШАНБЕ ҶАМЪ МЕОЯНД

Февраль 8, 2011 11:50

   Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — «Ҳамкориҳои устувор барои ташаккули идеологияи солим ва дӯстии байни наслҳо» — таҳти чунин унвон 23 майи соли 2011, ки ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад,   дар шаҳри Душанбе Форуми лидерони ҷавони бародаршаҳрҳои Душанбе ва пойтахтҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гузаронида мешавад. Дар ин хусус 7 феврал Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба тасвиб расонид.   Чорабинии мазкур дар доираи  омодагӣ ба ҷашни 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими робитаҳои дӯстонаи насли ҷавон, шиносоии бештари онҳо бо фарҳангу арзишҳои миллии кишварҳои ҳамдигар гузаронида мешавад.   Тибқи қарори Раиси шаҳр барои омодагӣ ва баргузории Форум Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, он вазифадор мегардад,  ки то 1 марти соли равон Консепсияи Форумро бо инобати баргузории чорабиниҳои илмӣ — маърифатӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва муаррифии дастовардҳои миллии насли ҷавон таҳия намуда, ҷиҳати мувофиқа ва тасдиқ ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод созад.           Инчунин, дар асоси ин қарор Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, шӯъбаи муносибатҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳр вазифадор мешаванд, ки  барои ҳамкориву иртибот бо сохторҳои марбутаи Ассамблеяҳои бузургшаҳрҳо ва Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ ҷиҳати ширкати беҳтарин ташкилоти бахши  кор бо ҷавонон ва таҳияи барномаи Форум тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.

Февраль 8, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид