МАҚСАД — РИВОҶИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ

Февраль 9, 2011 16:36

  Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод). — Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 – уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ҶТ барои солҳои 2010 — 2014» Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ  рӯзи 12 – уми феврали соли ҷорӣ дар шафати бозорҳои «Саховат», «Панҷшер» ва «Ганҷина» -и пойтахт ярмаркаи фурӯши ниҳолҳои босамару сояафкан, кӯчати гулҳои ороишӣ ва тухмии зироатҳои гуногунро барпо менамояд. Дар   ярмарка зимни фурӯши ниҳолҳо олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ, мутахассисони Муассисаи давлатии ҳифзи растанӣ ва химикунонӣ     тарзи шинонидан, парвариш намудан ва аз офатҳои табиӣ нигоҳ доштани ниҳол ва  гулу буттаҳоро ба харидорон  бо тавсияҳои илмӣ мефаҳмонанд.       Гузаронидани  ин тадбир, ки соли ҷорӣ  бо супориши вазири кишоварзӣ сурат мегирад, имкон медиҳад сабзиши ниҳолу гулу буттаҳо беҳтар гардида, садҳо гектар боғу токзори нав бунёд гарданд.    Дар назар аст, ки дар маъракаи кабудизоркунии имсола КВДҶ «Ниҳолпарвар» — и Вазорати кишоварзӣ, хоҷагии ниҳолпарварии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ), КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» — и Вазорати кишоварзӣ, Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал ва шикори ҶТ», Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ ва хоҷагиҳои инфиродии ниҳолпарварии ҷумҳурӣ ширкат варзида, беҳтарин ниҳолҳои хушсифатро, ки меваҳои бозоргирро ба бор меоранд, ба фурӯш мебароранд.

Февраль 9, 2011 16:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад