МАҲФИЛИ ҶАВОНОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 15 феврали соли равон дар маркази имкониятҳои ҷавонони ноҳияи Данғара маҳфили ҳозирҷавобон зери унвони «Мо ҷавонони даврони истиқлол» баргузор мегардад, ки дар чорабинии мазкур дастаҳои ҷавони шаҳру ноҳияҳои интихобии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон иштирок менамоянд. Мавриди зикр аст, ки ташаббускори ин иқдом Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ҷамъиятии «Нидои дӯстон» буда, он ба 20 солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», татбиқи «Барномаи саломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013» ва лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити мусоид оид ба рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷавонони Тоҷикистон» бахшида мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотию таҳлилии Кумитаи мазкур иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






