МАҲСУЛОТИ АРЗОН ХОҲЕД — БА «ШОҲМАНСУР» ОЕД

Февраль 3, 2011 11:47

  Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 3 то 12 феврали соли равон Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои  Сарвари давлат  оид ба таъмин намудани аҳолии шаҳри Душанбе бо маҳсулоти арзон ва бо мақсади ба низом даровардани нарх дар бозорҳои пойтахт дар бозори «Шоҳмансур» ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзиро доир менамояд.    Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» иттилоъ доданд, дар ярмарка нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда нисбат ба нархи бозор арзонтар аст. Аз ҷумла, гӯшт, картошка, пиёз, сабзӣ, карам ва  лӯбиёгиҳо бо нархи қариб 15% аз нархи бозор арзонтар ба фурӯш бароварда мешаванд.    Бояд гуфт, ки  ярмаркаро раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев бевосита  назорат ва роҳбарӣ менамояд.  

Февраль 3, 2011 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад