МАҲСУЛОТИ АРЗОНИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ» ДАР КӮЛОБ

Февраль 16, 2011 14:55

   Кӯлоб, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Ҳадафи асосии ташкили ярмаркаҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби матлуботчиёни минтақаи Кӯлоб пеш аз ҳама ба танзим даровардани нархи маводи хӯрокворӣ мебошад. Бо ин мақсад дар бозори «Саховат»- и шаҳри Кӯлоб шурӯъ аз 13 – уми феврал ҳамарӯза ярмаркаи фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ гузаронида мешавад. Дар рӯзи аввали он Ҷамъияти матлуботи шаҳри Кӯлоб, матлуботчиёни ноҳияи Темурмалик, раёсати бозори «Саховат» ва матлуботчиёни ноҳияи Ховалинг 40 тонна орд, 38 тонна картошка, 30 тонна пиёз, 10 тонна сабзӣ ва равғану асалро бо нархи нисбат ба бозор арзон ба фурӯш бароварданд. Маҳсулоти ба фурӯш баровардаи матлуботчиёни ноҳияи Ховалинг истеҳсоли маҳаллӣ буда, сифати хуб дошт.    Дар ин фурӯшгоҳ ҳама намуди маҳсулот бо нархи чакана ба фурӯш бароварда шуд. Сокинони шаҳри Кӯлоб ин иқдомро бо хушнудӣ пазируфтанд ва пайваста баргузор намудани чунин ярмаркаҳоро муфид арзёбӣ намуданд.   Мувофиқи нақша гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маводи хӯрокӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб то ҷашни Наврӯз идома ёфта, дар он ҳамаи ҷамъиятҳои матлуботи минтақа ширкат меварзанд. 

Февраль 16, 2011 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад