МАРҲИЛАИ ДУЮМИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Cамтҳои Консепсияи нави рушди минбаъдаи системаи обтаъминкунии пойтахт ва марҳилаи дуюми татбиқи он зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Кяра Бронкӣ- намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки навбати дуюми татбиқи лоиҳа дар тӯли 5 сол азхудкунии 12 миллион $ гранти бебозгашти Бонки Ҷаҳонӣ ва 3 миллион $ маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар бар гирифта, хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт ихтисор менамояд, Раиси шаҳр иброз дошт, ки ҳамкориҳои минбаъда, ки баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» бо насби ҳисобкунакҳои обӣ барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба муштариён нигаронида шудааст, натиҷаҳои нек хоҳад дод ва шаҳрдорӣ омодааст тибқи муқаррароти мавҷуда ӯҳдадориҳояшро оид ба ҳамшарикӣ дар маблағгузории лоиҳа иҷро намояд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар мулоқот мусоҳибон ба хулоса омаданд, ки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар кӯтоҳтарин муддат санадҳои дахлдорро барои ба тасвиб расонидан таҳияву пешниҳод созанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






