МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо ибтикори Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Маҳмадамин Маҳмадаминов маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии қитъаҳои назди сохторҳои вазорат баргузор гардид. Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ҳамаи хоҷагию муассиса ва ташкилоту идораҳо ҷараён доранд. Ин иқдоми наҷиб дар пайравии ташаббуси сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, зеро Президенти кишвар ба ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва корҳои ободкориву созандагӣ ҳамеша таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамояд. Боиси ифтихор аст, ки иқдоми шоистаи кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ҶТ нақши назаррас мегузорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






