МАРГИ 4 НАФАР БАР АСАРИ САДАМАИ НАҚЛИЁТӢ

Февраль 14, 2011 14:23

   Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар муддати се рӯзи сипаришуда дар шимоли кишвар 4 садамаи нақлиётӣ ба вуқӯъ пайваст. Бар асари ин садамаҳо 4 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар ин бора аз раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.   Ронандаи автомашинаи тамғаи «Lexus» ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Исфара-Конибом аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Opel» бархӯрд. Дар натиҷаи ин ҳодиса ронандаи автомашинаи «Opel» ва се мусофири дар автомашина буда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд ва ронандаи автомашинаи «Lexus» ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардид.   Хотиррасон менамоем, ки аз аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ 148 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи он 58 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 175 нафари дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд.     Бояд зикр намуд, ки 70 фоизи садамаҳои ба вуқӯъ пайваста бо айби ронандагон ба амал омадаанд, зеро онҳо қоидаҳои бехатарии роҳро дуруст риоя намекунанд. 

Февраль 14, 2011 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад