МАШВАРАТИ КОРӢ ДАР ҲУЗУРИ САРВАЗИР

Февраль 4, 2011 10:21

Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дирӯз, 3 феврал дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оид  ба рушди иқтисодию  иҷтимоии  шаҳраки Шўроби шаҳри Исфара машварати корӣ доир гардид. Дар машварат масоили таҳия ва татбиқи «Барномаи рушди иқтисодию  иҷтимоии шаҳраки Шўроб барои давраи солҳои 2011-2015» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Барномаи мазкур масъалаи эҳёи пурраи шаҳраки Шўроб, аз ҷумла тармим ва азнавсозии биноҳои истиқоматӣ, таъмини шароити зарурии зист, ташкили ҷойҳои корӣ, бунёди иншооти маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва варзишӣ, таъминоти оби нушокӣ ва барқ, инчунин афзун  гардонидани истеҳсоли ангишт дар конҳои ангишти ҳудуди шаҳраки Шўроб ва бунёди маркази барқу гармидиҳиро дар бар мегирад. Оқил Оқилов роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ва дигар шахсони масъулро вазифадор кард, ки «Барномаи рушди иқтисодию  иҷтимоии шаҳраки Шўроб барои давраи солҳои 2011-2015»-ро таҳия карда, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд ва баъд аз қабул гардидани барнома дар татбиқи саривақтии он чораҳои бетаъхир андешанд. 

Февраль 4, 2011 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд