МАСОҲАТИ БОҒҲО МЕАФЗОЯД

Февраль 7, 2011 10:17

Шаҳраки Сомониён, 7 феврал. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев). — Баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014»  роҳбарони ноҳияи Рӯдакӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд. Аз ҷумла, дар талу теппаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат 109 гектар боғ ва 12 гектар токзор, дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Курғонтеппа 47 гектар боғ бунёд  шуда, қад-қади роҳ дарахтони ҳамешасабзи арча ва сафедори калифорниягӣ шинонида шуд. Дар назди шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода 31 гектар боғ бунёд гардид.       Алҳол бо мақсади афзун намудани масоҳати боғу токзор дар хоҷагии деҳқонии «Баракати Қурбон» 229,5 ҳазор, дар хоҷагии «Ҳисор» 35 ҳазор ва дар заминҳои наздиҳавлигӣ 68,2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан парвариш меёбад.

Февраль 7, 2011 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд