МЕЪМОРИ «БЕҲТАРИН СОМОНАИ НАВРӮЗ» КИСТ?
Душанбе, 17 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар Тоҷикистон озмун таҳти унвони «Беҳтарин cомонаи Наврӯз» гузаронида мешавад. Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет, Фондҳои ҷамъиятии Интернет ва «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет» аз 15 феврал то 15 март гузаронида мешавад. Ноилшо Нуралиев сухангӯи Вазири маорифи ҷумҳурӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳадафи озмун таҳияи сомонаҳои Интернет бахшида ба ҷашни Наврўз ҷиҳати рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани завқи хонандагон ва донишҷӯён вобаста ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи шабакаи Интернет ҷиҳати рушди таҳсилот, ташвиқоти сомонаҳои беҳтарин ҳамчун муҳити фаъоли омӯзиш ва эҷодкорӣ мебошад. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки дар озмун хонандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз ҷои зист иштирок карда метавонанд. Ғолибони озмунро кумитаи тадорукот ва сарпарастон — ҶДММ «Вавилон-Т», ҶСП «Tcell» бо мукофоти арзишманд сарфароз мегардонанд. Хоҳишмандоне, ки дар озмун ширкат варзиданианд метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Нисормуҳаммад 13 а, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсия ва коммуникатсия бо телефонҳои 221-33-63 ё почтаи электронии Office@ cipi.tj муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






