МУАЛЛИМОНУ ДОНИШҶӮЁНИ БЕҲТАРИН КИҲОЯНД?
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои « Муаллими беҳтарини сол» ва «Донишҷӯи беҳтарини сол» дар соли 2010 ҷамъбаст гардид. Озмунҳои мазкур дар асоси қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.11.2006,№8.9 бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дарёфти истеъдодҳои касбӣ аз ҷониби шӯъбаи илм ва муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардид. Ғолибони озмуни «Муаллими беҳтарини сол» Латипов Хайруллоҳ Фозилович – профессори кафедраи овозхони академӣ ва дирижёри хори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Валиев Искандар Даминович- мудири шӯъбаи созҳои зарбӣ-нафасии Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Ганҷибой Ғуломҳайдаров — мудири шӯъбаи созҳои миллии мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев дониста шуданд. Ғолибони озмуни «Донишҷӯи беҳтарини сол» Бобоева Умеда-донишҷӯи созҳои миллии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов, Зарафшон Каҳҳорӣ- донишҷӯи шӯъбаи рассомии Коллеҷи санъати ба номи К. Қурбонов, Алиева Шарифамоҳ Шамсиддиновна – донишҷӯи шӯъбаи коргардони сабти овози Коллеҷи санъати ба номи А.Бобоқулов гардиданд. Ба ғолибон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ диплом ва мукофотпулӣ супорид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






