МУЛОҚОТИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА БО ВАРЗИШГАРОН

Февраль 16, 2011 13:20

   Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 15 феврали соли 2011 раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд бо варзишгарон мулоқот намуд.  Ин мулоқот бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки дар вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар баён гардида буд, бо иштироки беш аз 400 нафар варзишгарону мураббиёни соҳа доир шуд.    Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилоят аз намоишгоҳи дастовардҳои варзишгарони вилоят дар тӯли солҳои охир дидан намуда, оид ба густариши соҳаи варзиш дар вилоят зимни суханрониаш таъкид намуд.    Мавриди зикр аст, ки соли 2010 варзишгарони вилояти Суғд дар 45 мусобиқаи вилоятӣ, 60 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 26 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуданд. Варзишгарони вилоят зимни иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ 406 медали тилло, 361 медали нуқра ва 512 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 241 медали тилло, 179 медали нуқра ва 262 медали биринҷӣ, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ 7 медали тилло, 8 медали нуқра ва 20 медали биринҷӣ, дар чемпионати Осиё 14 медали тилло, 13 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ ва дар чемпионати ҷаҳон 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷиро соҳиб гардиданд.     Варзишгарони вилоят дар соли 2010 сазовори 2055 медал гаштанд, ки ин дастовард нисбат ба соли 2009-ум 950 медал зиёд мебошад.     Ёдовар мешавем, ки алҳол дар вилоят 2129 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 398 толори варзишӣ, 34 варзишгоҳ, 1577 майдончаи варзишӣ амал мекунанд.    Соли 2010 барои рушди соҳаи варзиш аз буҷети вилоят беш аз 2 миллиону 365 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз ин миқдор 650,7 ҳазор сомонӣ барои бунёди толорҳои варзишӣ равона гардид. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷети вилоят дар шаҳри Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ бунёд мегардад, ки танҳо барои сохтмони он 23,2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.   Дар мулоқот раиси вилоят ба варзишгарон ва мураббиёни беҳтарин, аз ҷумла ба варзишгарони шинохта Ҷаҳон Қурбонов, Мурод Тӯйчиев, Асрор Воҳидов ва мураббӣ Усто Устопиров тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Февраль 16, 2011 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад