МУЛОҚОТИ Қ.РАСУЛЗОДА БО А.КУДАЙБЕРДИЕВ
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили ҳамкориҳои судманди вилояти Суғд ҳамчун минтақаи аҳамияти бузурги сиёсиву иқтисодидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон 8 феврал дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Абибилла Кудайбердиев дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи халқҳои тоҷику қирғиз решаҳои мустаҳками таърихӣ доранд. Имрӯз дар вилояти Суғд имкониятҳои мусоиди иқтисодӣ барои густариши муносибатҳои гуногунҷабҳа бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавҷуданд. Аз ҷумла, ба масъалаҳои инкишофи самти иҷтимоӣ, равобити дуҷонибаи шаҳрвандон, содироту воридоти маҳсулот ва муносибатҳои тиҷоратӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Қоҳир Расулзода ба меҳмонон оид ба рушди хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла иқтисодиёт маълумот дод. Раиси вилоят, қайд намуд ки ҳамкориҳои дуҷонибаи вилояти Суғд бо вилоятҳои Ҷумҳурии Қирғизистон хуб ҷараён дорад. Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Абибилла Кудайбердиев изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷониба тибқи дастуру супоришоти Президентҳои ҳарду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя ва Комиссияи байнидавлатӣ бобати баррасии масъалаҳои марзӣ, таъмини обу робитаҳои наздисарҳадӣ сурат мегиранд. Мавриди ёдоварист, ки ҳадафи асосии ташрифи роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба вилояти Суғд мулоқот бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ин мулоқоти расмӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳарбӣ ва таъмини амнияти минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






