МУШАКПАРРОНӢ ФАЗОИ ДУШАНБЕРО МУНАВВАР МЕСОЗАД
Душанбе, 4 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бошукӯҳ истиқбол гирифтани ҷашни байналмилалии Наврӯз шаби 20 ба 21 марти соли 2001 дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт консерти идонаи наврӯзӣ барпо шуда, мушакпаронии наврӯзӣ фазои Душанберо дурахшонтар хоҳад кард. Ин матлаб дар дуввумин ҷаласаи ситоди омодагии пойтахт ба ҷашни Наврӯз, ки дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, зикр гардид. Дар ҷаласа ҳамзамон, масъалаи таҳия намудани нишони сарисинагии наврӯзӣ, либоси наврӯзӣ баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки бояд либоси наврӯзӣ таҷассумкунандаи ғояи асил, арзишҳои муосир ва пайванди ногусастаи тамаддуни ҳазорсолаҳо бошад. Бо ин мақсад 6 гурӯҳи кории эҷодӣ аз ҳисоби роҳбарону кормандони Академияи илмҳо, Вазорати фарҳанг, Иттифоқи нависандагон, ташкилотҳои дизайнерӣ, тарроҳони ҷавон ва шаҳрдории пойтахт созмон дода шуд. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, гурӯҳҳои корӣ муввазаф гардиданд, ки то 10 феврали соли равон пешниҳодоти худро роҷеъ ба ин масъала унвонии шаҳрдорӣ ироа созанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






