МУШКИЛОТИ ЭКОЛОГӢ НОҲИЯИ ҶОМӢ

Февраль 16, 2011 09:29

   Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ду мушкилии экологӣ марбут ба об вуҷуд дорад. Дар як қисми маҳаллаҳои ноҳия агар мардум аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ кашанд, дар қисмати дигари маҳаллаҳо бо сабаби баландшавии обҳои зеризаминӣ боғҳо хароб гардида, ҳосилнокии зироат хеле паст шудааст,- иброз дошт сараграноми ноҳия Саидакбар Аминов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар».   Ба гуфти С. Аминов то замоне ки заҳбуру заҳкашҳо тоза карда нашаванд, бунёди боғҳо ва кабудизоркунӣ дар бештари мавзеъҳои ноҳия бо сабаби баланд шудани обҳои зеризаминӣ харҷи беҳудааст.    Сифати оби ошомиданӣ дар ноҳия боз ҳам ташвишовар аст. Дар маркази ноҳия чанд чоҳ мавҷуд аст, ки аҳолӣ аз онҳо истеъмол мекунад ва бо сабаби тоза накардани оби ин чоҳҳо ҳамасола садҳо нафар ба бемориҳои сироятӣ гирифтор мешаванд.     Аз ин рӯ масъулини ноҳияро зарур аст сари масъалаи экологӣ андеша намуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд, то ҳам ҳосилнокии зироат боло раваду ҳам мардум аз бемориҳои сироятӣ ҳифз шаванд. 

Февраль 16, 2011 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад