МУСОДИРАИ БАНГДОНА
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар натиҷаи гузаронидани як амалиёт шаҳрвандон Шаҳбози Зайдзода (соли таваллудаш 1990), муваққатан бекор ва Раҳимҷон Сулаймонов ( соли таваллудаш 1981), истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо дастгир карданд. Ҳангоми кофтуков аз борхалтаи ин нафарон маводи нашъадори бангдона ба миқдори 2 килограмму 4 грамм дарёфт ва мусодира гардид. Тавре аз маркази матбуоти ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муайян шуд, ки номбаршудагон маводи нашъадорро аз истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ Салимҷон Қайюмов, ки пештар бо моддаи 334-и Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо мақсади фурӯхтан гирифтаанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






