МУСОДИРАИ КАЛАШНИКОВ ВА МАКАРОВ ДАР ДУШАНБЕ

Февраль 28, 2011 16:23

Душанбе, 28 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Зимни  амалиёти густурдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот,  ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муддати як моҳ дар пойтахт сурат гирифт, ҳуҷҷатҳои беш аз 25 000 хона, 1475 хонаи баландошёна, зиёда аз 24 ҳазор ҳавлӣ, 135 хобгоҳи умумӣ, 69 масҷид ва 35 меҳмонхона аз санҷиш гузаронида шуда,  1075 нафар шаҳрвандон барои вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ  ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.   Назар ба иттилои  сардори шӯъбаи ташкилӣ-  нозиротии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Қудратулло Ғуломов, амалиёти мазкур, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев «Дар бораи татбиқи чораҳо оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ба низом даровардани низоми шиносномавию буду боши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ дар ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» гузаронида шуд, як қатор  ҷиноят ошкор гардид. Аз ҷумла, дар доираи баргузории амалиёт 15 нафар шахсони  дар ҷустуҷӯ буда ошкор ва дастгир шуда, 123 нафар шахсони гумонбар дар содир намудани ҷиноят  ва беш аз 600 нафар шахсони доғи судӣ дошта ошкор гардиданд. Инчунин, 2 автомати тамғаи Калашников, 2 адад туфангчаи тамғаи Макаров ва 6 яроқи шикорӣ ёфт ва мусодира гардид.           Қудратулло Ғуломов афзуд, ки амалиёти мазкур бобати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, ошкор намудани шахсоне, ки бидуни қайди ҷойи зист дар пойтахт зиндагӣ доштанд, такони ҷиддӣ бахшида, дар мавриди ба низом даровардани низоми шиносномавию буду боши  шаҳрвандон нақши муассир гузошт.

Февраль 28, 2011 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад