МУСОДИРАИ ЯРОҚ ДАР БАДАХШОН
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар яке аз дидбонгоҳҳои минтақаи Бадахшон автомашинаи тамғаи «Митсубиси»-ро, ки таҳти идоракунии ронанда Ислом Туронов, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе қарор дошта аз самти ноҳияи Ванҷ ба шаҳри Душанбе ҳаракат дошт, мавриди санҷиш қарор доданд. Тавре аз ВКД-и ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи шахсии мусофир Усмон Қудратов, соли таваллудаш 1983 аз зери себҳои дар дохили қуттии картонӣ ҷой дошта 1 адад яроқи оташфишони тамғаи АКМ-7,62 бо рақами РФ 8237, соли бароришаш 1984 бо қундоқи бурида ва 1 адад тирдони бе тир ёфт ва мусодира гардид. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






